Кӯлоб. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сардори нави шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд.

Тавре муовини сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, собиқ сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ Искандар Ваҳҳобов ба ин вазифа таъин гардид.

            Дар ин мансаб ӯ Холмурод Хоркашевро, ки муддати ду сол дар ин вазифа кор кард, иваз кард.

            Ба гуфтаи А.Бузмаков, то ҳанӯз ба вазифаи сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ касе таъин нашудааст.