Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни баргузории ҷашнвораи 1-уми байнулмилалии амали нек таҳти унвони «Ҷаҳони некӣ», ки рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи давлатии Кремл доир гашт, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба ҷоизаи баланди ҷамъиятӣ дар таъмини сулҳ ва фаъолияти хайрия- Ордени Сулҳ сазовор дониста шуд.

            Тавре роҳбари медиахолдинги « Tajinfo » дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маросими супурдани ҷоиза намояндагони маъруфи кишварҳои хориҷӣ, зиёиён ва кормандони созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ ширкат варзиданд.

            Дар изҳороти ба Достиев супурдани ҷоиза гуфта мешавад, ки сафир барои хизматҳои арзанда ва эътирофи саҳми ӯ дар масъалаи таъмини сулҳ, таҳкими дӯстиву ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, риояву эҳтироми таҳамммулпазирӣ, боадолатӣ ва роҳандозии амали нек қадронӣ карда мешавад.

            Дар навбати худ Абдулмаҷид Достиев ба мақомоти раҳбарии ҷашнвора изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки муносиботи стратегии ҳамкории Тоҷикистону Русия, ки бо назардошти манфиатҳои дуҷониба асос ёфтаанд, минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.