Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ муовини нахуствазири Русия Игор Сечин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи аслии сафар – суръат бахшидан ба амалисозии қарордодҳое мебошад, ки зимни боздиди расмии президенти Русия аз Тоҷикистон ба имзо расида буданд. «Интизор меравад, ки муовини нахуствазири Русия бо мансабдорони расмии ҷумҳурӣ ва мақомоти раҳбарии як қатор вазорату идораҳои Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард», - гуфт манбаъ.

Дар бораи ҷузъиёти дигари сафар алҳол чизе гуфта намешавад. Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни боздиди кории президенти Тоҷикистон аз Русия 24-уми феврали соли ҷорӣ ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Дмитрий Медведев зарурати роҳандозии робитаи доимӣ миёни ҳукумати кишварҳо таъкид гардида буд.