Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - 3-уми марти соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Мамлакати Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҷории равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Шветсия, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, вазъ дар Афғонистон, натиҷаҳои сафари ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бархе аз кишварҳои Аврупо ва дигар мавзӯъҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.