Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сайдулло Хайруллоев ҳайати намояндагони парлумони Аврупоро таҳти сарварии Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт.

            Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Хайруллоев ба меҳмонон оид ба фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ ва таърихи таъсиси он маълумот дода, изҳор дошт, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ парлумони Тоҷикистон аз таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо самаранок истифода мебарад.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Она Юкневичене аз сохтори парлумони Аврупо ва фаъолияти он ҳарф зада, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи ҳамкории байнипарлумонӣ баҳри таъмини рушд рӯз то рӯз густариш хоҳанд ёфт.

            Зикр гардид, ки бо дархости меҳмонон намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ   Шодӣ Шабдолов ва Олимҷон Салимзода ба онҳо роҷеъ ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карданд.