Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар бо Ордени Ш ӯ рои олимпии Осиё сарфароз гардонда шуд.

Ордени Ш ӯ рои олимпии Осиёро Президенти Ш ӯ рои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад тақдим намуд.

Президенти мамлакат ин мукофоти олиро қадшиносии баланди олами варзиши То ҷ икистон арзёб ӣ намуда, ба Президенти Ш ӯ рои олимпии Осиё арзи сипос кард.

Зимни с ӯ ҳбати Эмомал ӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад масоили ҳамкории минбаъдаи То ҷ икистон ва Ш ӯ рои олимпии Осиё баррас ӣ шуд.

Бо қаноатманд ӣ таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди мав ҷ уда нишондодҳои варзишгарони то ҷ ик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилал ӣ сол ба сол р ӯ ба болорав ӣ доранд.

Шайх Аҳмад ас - Сабоҳ ал Фаҳад иттилоъ дод, ки имр ӯ з миёни Ш ӯ рои олимпии Осиё ва Кумитаи Миллии Олимпии То ҷ икистон ду санади ҳамкор ӣ ба имзо мерасад ва ҳадафи асос ӣ аз онҳо к ӯ мак расондан ба То ҷ икистон дар сохтмони иншооти варзиш ӣ ва беҳсозии тарбияи ҷ исмонии мактаббачагон аст.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Ш ӯ рои олимпии Осиё омодааст барои таъмини рушди бештари варзиш дар То ҷ икистон к ӯ макҳои худро афзун намояд.

Эмомал ӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, ки намояндаи воломақоми Давлати Кувайт аст, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ду ҷ онибаи То ҷ икистону Кувайт гуфтуг ӯ йи судманд ан ҷ ом доданд.

Аз ҷ умла зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳсоз ӣ , сохтмони нер ӯ гоҳҳои об ӣ дар То ҷ икистон, ба Кувайт содир намудани оби н ӯ шок ӣ ва дар соҳаҳои маорифу тандуруст ӣ бояд густариш дода шаванд. Ба гуфти шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, Давлати Кувайт омодааст сохтмони то 60 иншооти соҳаҳои маорифу тандурустиро маблағгузор ӣ кунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.