Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷараёни баргузории ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ намояндагони мардумӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологии ҳукумат ва пардохти музди меҳнати кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳуриро ҳаллу фасл карданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ Хурсандқул Зикиров гуфт, феълан дар қаламрави кишвар 9 барномаи давлатии марбут ба ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда намешаванд. «Гузашта аз ин, имрӯз мо маблағе надорем, ки ба кормандони кумита ва пулиси экологӣ музди меҳнат пардохт намоем, ҳарчанд ҳамаи маблағҳои ҷарима ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлатӣ ворид мешаванд», - гуфт ӯ.

Х.Зикиров пешниҳод сохт, ки дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ба қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа» тағйирот ворид карда шавад, то як қатор пардохтҳои марбут ба ҷаримабандӣ дар соҳаи экология ҷиҳати маблағгузории минбаъдаи кумитаи мо ба ҳисоби махсуси вазорати молия ворид гардад.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов гуфт, агар ба қонуни мазкур тағйироту илова ворид нагардад, пас лозим меояд Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва пулиси экологиро барҳам диҳем.

Ҳамин тариқ, намояндагони мардумӣ якдилона тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа»-ро маъқул шуморида, Кумитаи экологияро аз парокандашавӣ наҷот доданд.

Ба ақидаи намояндагони мардумӣ, музди меҳнати кормандони кумитаи номбурда дар кишвар ба ҳисоби миёна ба 70-90 сомонӣ дар як моҳ баробар буда, маоши пасттарин дар кишвар аст.