Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон   Вазири корҳои хори ҷ ии Португалия Луиш Амадуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорч ӯ би сохторҳои аврупоиву Паймони Атлантикаи Шимол ӣ ва ҳам густариши робитаҳои ду ҷ ониба баррас ӣ шуд.

Аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои бисёр ҷ ониба, ки дар доираи эътилофи байналмилалии зиддитеррорист ӣ оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегиранд,   изҳори қаноатманд ӣ карда шуд.

Вазири корҳои хори ҷ ии Португалия изҳор дошт, ки «муносибот бо То ҷ икистон дар доираи тадбирҳои умумии кишварҳои Аврупо оид ба Афғонистон бисёр муҳиманд, зеро ки нақши он дар мусоидат ба нер ӯ ҳои эътилофии посдори сулҳ ва ҳам ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азияткашида фавқулодда муҳим аст».

Луиш Амаду ба Сарвари давлат Эмомал ӣ Раҳмон барои нақши намоёни То ҷ икистон ва саҳми бевоситаи ӯ дар ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон арзи сипос намуд.

Оид ба муносиботи ду ҷ онибаи То ҷ икистону Португалия таъкид гардид, ки онҳо дар марҳилаи ташаккулёб ӣ қарор доранд, вале имкону захираҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо зиёданд.

Ву ҷ уди захираҳои фаровони обию энергетик ӣ ва сарватҳои таби ӣ дар То ҷ икистон ва техникаю технологияҳои пешқадаму имконоти васеи сармоягузор ӣ дар   Португалия заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисод ӣ маънидод гардид.

          Мусоҳибон ҳамфикр ӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои ду ҷ ониба ҳарду кишвар дар марҳилаи кунун ӣ бояд бо имкону захираҳои ҳамдигар хуб ошно шаванд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои минтақаи Осиёи Марказ ӣ ва имконоти рушди ҳамкории минтақав ӣ гуфтуг ӯ йи судманд ан ҷ ом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.