Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад.

            Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Рӯзи пойтахт маъмулан ҳар рӯзи шанбеи саввуми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. «Таҳти унвони «Тозагии соҳилҳои рӯдхонаи Варзоб дар қаламрави пойтахт – тозагии виҷдон» ҳашари умумишаҳрӣ баргузор мегардад», - гуфт ӯ.

            Тибқи иттилои Ш.Саидов,   имрӯз дар Маркази равобити пойтахт озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Марафони дав», «Мактаби сол-2008», «Директори сол- 2008», «Муаллими сол-2008», «Кӯдакистони сол -2008», «Мудири кӯдакистони сол -2008» «Мураббии сол-2008», «Синфи беҳтарини сол -2008» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд. «Ҳамчунин ба муносибати ҷашн ба истифода додани як қатори иншооти нав дар пойтахт дар назар аст», - изҳор дошт сухангӯи раиси пойтахт.

Сухангӯи раиси шаҳр афзуд, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки Р ӯ зи пойтахтро бо р ӯ ҳияи болидаю идона дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи устод Айн ӣ , «Д ӯ стии халқҳо» , «К ӯ ли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» та ҷ лил намоянд. «Дар ин боғҳои фарҳанг ӣ баҳри хотирмон гузаронидани Р ӯ зи пойтахт намоиш ва фур ӯ ши маҳсулоти нонию қаннод ӣ ва сайругашти идонаи оммав ӣ ба роҳ монда мешавад», - гуфт Ш.Саидов.