Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи пойтахт, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар он изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри гирмидошти ин санаи муборак корҳои ободониву бунёдкории васъеро тибқи барномаву нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи 900- рӯзи ободонӣ вусъат бахшида, сол аз сол мутобиқ ба талаботи Президенти мамлакат   армуғони сазовори меҳнатиро дар ҳама соҳаҳо ба истиқболи Рӯзи пойтахт бояд пешкаш намуд ва баҳри иҷрои тадбирҳои пешбинигардида дастурҳои мушаххас дод.

Зимнан, дар доираи вусъати корҳои ободонӣ оид ба тармиму таҷдиди роҳҳои пойтахт раиси шаҳр афзуд, ки дар асоси Қарори шаҳрдорӣ аз моҳи октябри соли 2008 то соли 2011   ба маблағи 150 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағҳо бо ин мақсад пешбинӣ гардидаанд ва бобати дар соли ҷорӣ азхудкунии 28 млн сомонӣ ба комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчии иҷрои корҳо дастур фармуд, ки пешниҳодҳои тендерӣ маҳз бо инобати сифатнокӣ ва аз рӯи технологияи муосир мумфаршсозии роҳҳо дар доираи маблағҳои пешбинишуда бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа амалӣ карда шаванд.

Бо дахли масоили омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 64-солагии ҶБВ –и солҳои 1941-1945   дар пойтахт муқаррар сохт, ки дар доираи Қарори марбутаи шаҳрдорӣ оид ба фаъолияти эҳсонкорӣ тақвияти корҳои зуҳури ғамхориҳои пайвастаро ба иштирокчиёну маъюбони ҶВБ тақвият бахшида, бидуни ин муқаррарот иловатан ҳар ҳафтае як маротиба мутобиқ ба талаботи сабади истеъмолӣ расонидани ғизои моддӣ ба ин категорияҳои сокинони пойтахт бо анҷоми аёдати расмии масъулин таъмин карда шавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.