Душанбе. 22-юми апрел - Нимаи дуюми дир ӯ з Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии   Паймони Атлантикаи Шимол ӣ (НАТО) Девид Хоббсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунун ӣ ва дурнамои муносибатҳои То ҷ икистон бо ин созмони бонуфузи байналмилал ӣ баррас ӣ шуд.

Эмомал ӣ Раҳмон аз раванди ҳамкориҳо дар чаҳорч ӯ баи барномаи «Шарик ӣ баҳри сулҳ» ва Нақшаи инфиродии ҳамкор ӣ бо НАТО бо қаноатманд ӣ ёдовар шуда, изҳори бовар ӣ намуд, ки ҳамроҳшавии пешомади То ҷ икистон ба барномаи «Банақшагир ӣ ва ҷ араёни таҷлил» низ василаи хуби рушди ҳамкориҳои минбаъда хоҳад шуд».

Девид Хоббс дар навбати худ изҳор дошт: «Мо нақши эътидоловарии То ҷ икистонро дар Осиёи Марказ ӣ басо арзишманд мешуморем ва ба ҳамкор ӣ бо То ҷ икистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон тава ҷҷ ӯ ҳи хос зоҳир мекунем».

Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии   Паймони Атлантикаи Шимол ӣ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо он   мувозинатеро, ки То ҷ икистон дар муносибатҳои худ бо давлатҳои ҷ аҳон, аз ҷ умла Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ҳамсояи худ риоя мекунад, пурарзиш ва ибратбахш медонем».

  Зимни суҳбат оид ба пешниҳодҳо баҳри дар То ҷ икистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази на ҷ отдиҳ ӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтуг ӯ йи судманд сурат гирифт.

Густариши робитаҳои Ассамблеяи Парлумонии НАТО бо Ма ҷ лиси Олии То ҷ икистон воситаи хуби рушди ҳамкориҳои гуногун ҷ анба ва таъмини заминаи ҳуқуқии он маънидод гардид.

Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба дастгирии Қ ӯ шунҳои сарҳадии То ҷ икистон ва тоза кардани сарҳади давлат ӣ бо Афғонистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ан ҷ ом дода шуд.

Сарвари давлати То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон дар робита ба ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон изҳор дошт: «Амалиётҳои низом ӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеи барномаҳои иқтисод ӣ ва ҳалли масъалаҳои и ҷ тимо ӣ дар ягонаг ӣ сурат гиранд, зеро бе бартараф сохтани монеаҳои вобаста ба ин масъалаҳо раванди сулҳ мӯҳлати т ӯ лон ӣ ва масрафи зиёд мехоҳад».

Эмомал ӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт: «НАТО чун ҷ узъи муҳими нер ӯ ҳои таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя, хусусан бо То ҷ икистон, ки дар Осиёи Миёна бо ин кишвар сарҳади аз ҳама т ӯ лон ӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад» ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои гидроэнергетик ӣ ва коммуникатсионии То ҷ икистон ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар вох ӯ р ӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди тава ҷҷ ӯ ҳ гуфтуг ӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.