Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Сарвари давлати Чин Ху Тсзинтао дар ҷаласаи васеи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ектаринбург изҳор дошт, ки Чин баҳри рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои узви СҲШ 10 млрд. $ қарз ҷудо мекунад.

            Ху Тсзинато ҳамчунин қайд кард, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишварҳо идома дорад ва зарур аст, ҳамкориҳо дар чаҳорҷӯбаи созмон густариш дода шаванд. «Танҳо тавассути ҳамин роҳ мо метавоенм муқобили бӯҳрон истодагарӣ намуда, ба таҳкими созмон муваффақ шавем», - гуфт ӯ.

            Дар ҳамин ҳол, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии ниҳоӣ президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки ин ҷо сухан сари кӯмак ба кишварҳои алоҳида намеравад. «Ин ҷо татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар назар аст, ки хусусияти фаромарзӣ дошта, давлатҳоро муттаҳид месозанд ва қодиранд, ки мушкилоти тӯли солҳо мавҷуда, аз ҷумла мушкилоти ҷойдошта дар бахши зерсохторро ҳал намоянд», - гуфт вай.