Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - «Ман ҳамчуни намояндаи мардумӣ аз кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қаноатманд буда наметавонам», - изҳор дошт пас аз анҷоми кори иҷлоисияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ роҳбари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, иҷлосияи гузашта ба ҳалли мушкилоти марбут ба иқтисод, молия, муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини аҳолӣ бо манзили зист ва ғайра мусоидат карда натавонист. «Мо ҳукумати ҷумҳуриро натавонистем водор созем, ки дар давраи бӯҳрони молӣ самти сиёсати иқтисодиро аз низоми монетарӣ ба рушди бахши воқеии иқтисоди миллӣ равона созад», - гуфт ӯ.

Ш.Шабдолов ҳамчунин аз он изҳори таассуф кард, ки натавонист ҳамтоҳои худро водор созад, ки аз қабули нодурусти баъзе қонунҳо, аз ҷумла, ҷорӣ сохтанӣ пардохти маблағ барои истифодаи роҳ худдорӣ варзанд.