Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи кишвар ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, Сардори Маркази тайёрии кадрҳо, Командири Бригадаи махсуси комендантӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.
Қобили таъкид аст, ки Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе аз ду бинои таълимӣ барои 1100 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои 820 ҷой, як бинои истиқоматии хизматии 28 ҳуҷрадор барои муаллимон, ошхона, толори маҷлисгоҳ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, бинои дегхона, ҳаммом, ва зеристгоҳи барқӣ иборат аст.
Дар биноҳои таълимӣ 84 синфхона, 2 китобхона, 9 синфхонаи компютерӣ, 7 кабинети лингофонӣ, 4 озмоишгоҳи химиявӣ, 5 озмоишгоҳи физика, 3 озмоишгоҳи биология, 11 кабинети лексионӣ, 2 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети нақшакашӣ ва дигар кабинетҳои таълимӣ ва ёрирасон пешбинӣ гардидааст.
Тибқи оиннома таҳсил дар муассисаи таълимии номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассисаи мазкур таҳсил аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии Донишгоҳи Оксфорди Англия ба роҳ монда мешавад.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста