Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон»-ро таҳия ба ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, моҳияти тағйироту иловаҳо дар он ифода меёбад, ки баъди қабули онҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба барафрохтани парчами ҷумҳурӣ дар болои манзилҳои худ ба хотир арҷу эҳтиром аз он ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ғайр аз ин, мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ширкатҳо ва корхонахои хусусии кишвар низ сарфи назар аз шакли моликият, метавонанд дар бомҳои дафтарҳои кории худ парчами давлатиро барафрозанд.

Қобили зикр аст, ки қонуни ҳанӯз соли 2007 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон» ба барафрохтани парчами давлатӣ танҳо дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод.