Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он ҷиҳати ба кумита ва комиссияҳои дахлдори парлумон ирол намудани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» барои омӯзиш қарор қабул шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, то ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардани лоиҳаи қонуни мазкур, он бори дигар дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳад шуд. Даъвати иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо фармони президент санаи 24 таъин шудааст.