Дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сафари кории президент ба минтақаҳои кишвар рӯзҳои 24-26 август аз вилояти Хатлон шурӯъ шуда, зимни ин сафар дар ҳузури сарвари давлат қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, як қатор иншооти саноатӣ, ҳамчунин дигар иншооти таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр гардид, ки баъди бозгашти сарвари давлат аз вилояти Хатлон, ҷузъиёти сафари ӯ ба вилояту Суғду водии Рашт маълум мешавад.