Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ширкати  «ТВЕА»-и  Ҷумҳурии  мардумии  Чин Чжан Син мулоқот кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати номдори Ҷумҳурии мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба анҷоми бомуваффақи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти барқи баландшидати 220  киловаттаи  Айнӣ-Панҷакент  табодули афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз дастгирию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста  бархурдор буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар татбиқи ин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим талошҳои зиёд ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба  дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар сохтмони иншооти энергетикӣ ва омодасозии мутахассисони таҷрибадор барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон табодули афкори судманд баргузор шуд.