Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба бунёди ин маҷмааи нассоҷии дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда, корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дузандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матоъи пахтагӣ дар як сол баробар буда дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.

Зимни суханронӣ назди бинокорону коргарони маҷмаа Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда, ҳамагӣ 10-12 ҳазор тоннаи он дар дохили кишвар коркард мегардад ва боқимондаи он ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешавад.

1/15

Маҷмаи истеҳсолии имрӯз ифтитоҳшуда иқтидори пурра ба коркард фаро гирифтани пахтаи дар ҳудуди вилоят истеҳсолшударо доро буда, дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳи якуми ресандагӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар як моҳ 900 тонна ва дар як сол 10 ҳазору 800 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ, дар як сол ба 15 ҳазор тонна ашёи хом эҳтиёҷ дорад», - гуфт сарвари давлат.