Зимни мулоқоту суханронӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад.

Сарвари давлат қайд кард, ки солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таассуф зикр кард, ки ба чунин гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонони сустиродаву ноогоҳ низ шомил гардидаанд.

“Тибқи маълумот аз вилояти Суғд қариб 400 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 нафар сокинони ноҳияи Спитамен ба ҳаракату гурӯҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидаанд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид дошт президент.

Пешвои миллат роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолонро вазифадор кард, ки корҳои тарбиявиро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд.