Ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мегардад. Ин санаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола рӯзи 27 июн ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин бора аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дастури дахлдор ба имзо расида, чорабиниҳои асосии идона санаи 27 июни соли 2017 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо 25 ҳазор ҷойи нишаст доир мегарданд.

Айни замон корҳои сохтмон дар ин варзишгоҳ босуръат идома доранд. Маблағи бунёди варзишгоҳи мазкур беш аз 53 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии тӯлони хотима гузошт. Аз ҳамон замон ин сана дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.