Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар доираи як силсила вохӯриҳо ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба яке аз қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, А.Фелалиев пеш аз ҳама бо шароити зисту маишат ва хизмати сарбозон аз наздик шинос шуда, аз вазъу ҳолати он қаноатмандӣ изҳор намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, сипас ӯ аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи ин қисми ҳарбӣ 200 адад китобҳои гуногун тақдим намуда, зикр кард ки ин китобҳо ба сарбозоне, ки минбаъд таҳсилро дар мактабҳои олӣ давом доданианд, кумак хоҳад кард.