Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 сентябр дар бораи таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова фармонҳо ба имзо расонид.

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон ва сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев

Бо фармонҳои дигари президент Искандарзода Тоҳир Саъдоншо аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамчунин Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.