— Субҳи имрӯз, 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз бодид ба амал оварда, бо намунаи ҳунарҳои дастӣ, ки расму ойини аҷдодии мардуми кӯҳистонро таҷассум мекард, шинос шуд.

Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшида шуд.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд.

Баъди ифтитоҳи майдони варзишӣ, гузоштани санги асоси муассисаи таълимӣ ва тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Дарвоз низ дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дар замони истиқлолияти давлатӣ мунтазам ва бо суръат пеш рафта, буҷети ноҳия аз 38 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 19 миллион сомонӣ дар соли 2015 афзудааст, яъне 500 баробар зиёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими аз нав ба фаъолият оғоз намудани Қисми ҳарбии 02011Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Дарвоз иштирок карда, бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом дод.