Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ масъалаи ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолро якдилона дастгирӣ карданд.

Вакилони мардумӣ ба мақоми конститутсионӣ соҳиб шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» низ якдилона овоз доданд.

Ба қонуни зикршуда як қатор тағйирот иловаҳо ворид карда шуданд, ки мутобиқи яке аз онҳо, Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф карда мешавад.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, дар ҷумҳурӣ Фонди Пешвои миллат, Ордени Пешвои миллат ва Ҷоизаи Пешвои миллат таъсис дода мешавад.

Минбаъд дар тамоми чорабиниҳои идона ва тантанавии сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷаласаҳои ҳукумат ва парлумон барои Пешвои миллат ҷойи махсусе омода мегардад, ки он бо воситаҳои муосири алоқа ва техника муҷаҳҳаз мешавад.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонуни конститусионии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти президенти Тоҷикистон» низ баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» 9 декабри соли гузашта аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Он замон зикр зикр гардида буд, ки «чунин унвон хоси кишварҳои пешрафт ва ҷомеаи фарҳангӣ буда, имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба назар мерасад».

Ҳамчунин қайд шуда буд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ин қонун нақши сарвари давлатро ҳамчун асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, рамзи пойдории давлатдории мустақили тоҷикон муайян мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан, Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад.

Барои тамоми сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳамаи тавсияҳои Пешвои миллат ҳатмӣ шуда, «мушкилоти муҳими дохилӣ ва хориҷӣ» дар мувофиқа бо ӯ ҳаллу фасл мешавад.

Барои ҳамаи амалҳои содиркарда замони сари ҳокимият будан, ба Пешвои миллат дахлнопазирӣ кафолат дода мешавад.

Мутобиқи моддаи 2-и қонун, боздошт, ҳабс ва кофтукови Пешвои миллат манъ аст. Ҳамчунин амволи манқулу ғайриманқули мутааллиқ ба Пешвои миллат ва наздикони ӯ дахлнопазиранд.

Тибқи қонуни қабулшуда, президент Эмомалӣ Раҳмон баъди аз мансаб рафтан, ба сифати Пешвои миллат дар пойтахт ва зодгоҳаш қароргоҳи худро хоҳад дошт.

Пешвои миллат тамоми умр таҳти муҳофизати мақомоти давлатии амният қарор хоҳад дошт. Оилаи ӯ низ таҳти муҳофизат қарор мегирад.

Бо анҷоми муҳлати президентӣ Пешвои миллат бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин мешавад. Хона ва бӯстонсаро дар ихтиёраш мемонанд. Пешвои миллат тамоми умр бо хизматрасонии тиббӣ таъмин мешавад.

Пешвои миллат дар ҳаҷми 80% аз маблағи умумии музди меҳнаташ бо нафақа таъмин мегардад.

Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Қонуни мазкури қабулшуда имрӯз мақоми қонуни конститусиониро касб мекунад, ки ин меъёри талабот аз Конститусияи Тоҷикистон бармеояд.