Сарвари давлат расо якуним соат савори булдозер бо пеш кардани сангу шағал дар иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт.

Дар Тоҷикистон сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» оғоз гардид. Маросими расмии оғози сохтмони сарбанд ва иваз кардани маҷрои дарёи Вахш санаи 29 октябр дар шаҳри Роғун баргузор шуд.

Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.