Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки дар он чунин навгониҳо пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Адолат Абдураҳмонзода, ин тадбир баҳри таъмини амният дар кишвар, ҳамчунин қатъи кори телефонҳои мобилии дуздидашуда равона гардидааст.

«Минбаъд ба ҷумҳурӣ ворид кардан, паҳнукунӣ ва истифодаи таҷҳизоте, ки барои тағйири рақамҳои шиносоии телефонҳои мобилӣ ба кор бурда мешавад, манъ мегардад», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи ин тағйиру иловаҳо, ҳамчунин барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани телефонҳои мобилӣ бидуни рақамҳои шиносоӣ низ иҷоза дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли равон бо мақсади таъмини амният ба маъракаи дубора бақайдгирии SIM-кортҳои қаблан фурӯхташуда оғоз карданд.