Таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Тоҷикистон дар таҳрири тоза оғоз гардида, ба он модда ва бобҳои нав илова мешаванд.

Зимни кори Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар ҶТ мудири кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрулло Ғаюров изҳор намуд, ки Кодекси нави гражданӣ «Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ мешавад.

Дар музокирот ҳуқуқшиносон қайд карданд, ки лоиҳаи нави кодекс ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дар соҳаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии аҳолии ҷумҳурӣ бештар пурсамар истифода хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки дар лоиҳаи кодекси нав танзими масоили марбут ба иншооти ғайриоддии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз қабили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуқуқ ба истифодаи қитъаи замин, слоган, истифода аз шабакаи интернет ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Олими ҳуқуқшинос А.Абдуҷалилов қайд кард, ки шабакаи интернет аз ду таркиби мустақил - ҷараёни дастрасӣ ба он ва ҳамчунин амал дар фазои виртуалӣ иборат аст, ки ба танзим ниёз дорад.

«Бо васли компютеру серверҳо Интернет дар миқёси ҷаҳонӣ барои муколамаи одамон фазои нави виртуалиеро эҷод месозад. Ин муносибатҳо аксаран на хусусияти иҷтимоӣ, балки хусусияти шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ доранд, ки ба ин истифодаи интернет барои гуфтугӯ тибқи шартномаи хизматгузории почтаи электронӣ мисол шуда метавонад. Аз ин рӯ, зарурати бозбинии доктринаи ҳуқуқии интернет ва танзими ин масъалаҳо дар Кодекси нав ба вуҷуд омадааст», - иброз дошт коршинос.