Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 8 ноябр ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар мавриди масъулият барои таҳқири ошкорои Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯро маъқул донист. Пешвои миллат президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, узви Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон изҳор намуд, ки ба Кодекси ҷиноӣ моддаи 137, замимаи 1 илова шудааст, ки дар он барои таҳқири туҳмат нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин модда ҳамчунин барои анҷоми чунин амал бо истифода аз матбуот, дигар васоити ахбори умум ё шабакаи интернет ни ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Ба шахси айбдоршаванда мутобиқи моддаи мазкур то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.