Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Қоҳира ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд.

«Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро   қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии  худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамояд.

Дар фарҷом Президенти Тоҷикистон ба наздикони фавтидагон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комили хостааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористӣ дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира 23 нафар ҳалок ва беш аз 70 тан ҷароҳат бардоштанд. Ба гумони даст доштан дар ин амал 4 нафар, аз ҷумла 1 зан боздошт шудаанд.