Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиии Русия дар акваторияи Баҳри Сиёҳ ба Президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Россия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам».

«Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем», - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки тасаллияти амиқ ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба тамоми наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 25 декабр ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётии Ту-154-и Русия, ки ба Сурия раҳсипор буд, дар акваторияи Баҳри Сиёҳ ба садама дучор гардида, бар асари он 92 нафар ба ҳалокат расиданд.