Имрӯз дар сохтори раҳбарияти Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Дилором Мирсаидова аз вазифаи сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон озод ва Лангарӣ Ҷамила Салмон ба ин вазифа таъин карда шуд, ки то  ин замон ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Ҷамила Лангариева хоҳари як замон бародарони маъруф Лангариевҳо (Бахтиёр, Файзалӣ, Лангарӣ ва дигарон), собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад, ки дар бахши низомӣ кор мекарданд.

То таъин шудан ба вазифа дар мақомоти шаҳрдории пойтахт Ҷамила Лангариева дар вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор карда, ба масъалаҳои тарбияву фарҳанг машғул буд.