Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ивази кадрҳо дар мақомоти шаҳрдории пойтахт пардохт.

Бо дастури нахусти раиси нави шаҳр, собиқ роҳбари ТВ "Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида  Суҳроб Рауфов директори телевизиони "Пойтахт" таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Шавкат Саидовро иваз намуд, ки то замони таъин шудан ба вазифаи директори телевизиони «Пойтахт» моҳи апрели соли 2015, муддати чандин сол ба ҳайси котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолият мекард.

Қобили зикр аст, ки шабакаи телевизиони “Пойтахт” аз соли 1996 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ намуда, баъди 10 сол, соли 2006 бо фармони Маҳмадсаид Убайдуллоев шабакаи давлатӣ шуд.

Сӯҳроб Рауфов муддати зиёд дар шабакҳои телевизон ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиони “Ҷаҳоннамо”, радиои “Садои Душанбе”, телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.