То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.

Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукуамти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси шаҳр, васеъ шудани қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои се ҷамоати гирду атрофи шаҳр сурат мегирад.

«Дар нақшаи нави генералӣ аз қаламрави шаҳр баровардани бозори марказӣ ва ба ҷойи он сохтани боғи муосири фарҳангу истироҳати ба номи Мирзо Турсунзода дар назар буда, дар он ҳамчунин поя бо Парчами давлатӣ бо баландии 70 метр ва нишон бо масоҳати 35 метр бунёд мегардад, - иброз дошт номбурда.

Қайд шуд, ки айни замон дар қисмати марказии шаҳр беш аз 60 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, вале дар ин ҷо то ҳанӯз ягон боғи фароғату истироҳат вуҷуд надорад ва бо тасдиқи нақшаи нав, ин мушкилот ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ба таҳияи Нақшаи нави генералии шаҳри Турсунзода Ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» (ш.Душанбе) машғул аст.