Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат як катор кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таъиншударо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти ҶТ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид - Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек - Вазири нақлиёти ҶТ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Султонзода Сулаймон Саид - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ таъин гардиданд.

Пешниҳоди Президенти ҶТ дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби ҶТ озод кардани Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ва пешниҳод дар бораи Раиси Палатаи ҳисоби ҶТ таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ манзур карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон - муовини Вазири нақлиёт, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин - муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Набизода Мадина Раҳмат - Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон - Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Пиризода Ҷалил Сафар - Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва Амри Президенти ҶТ Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти ҶТ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.