Иҷлосияи навбатии нуҳуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон санаи 16 феврал доир мегардад.

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 16 феврал баргузор намудани иҷлосияи навбатии нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон иттилоъ дод, дар иҷлосия ҳисоботи прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон доир ба риояи қонун дар соли 2016 шунида мешавад.

Ғайр аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои ҳукумат дар бораи табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳамчунин қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо низ баррасӣ хоҳанд кард.