Раиси суди ноҳияи Нуробод Ғайбулло Мирзозода барои содир намудани кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя аз мансаб сабукдӯш гардид.

Дар фармони баимзорасидаи сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки Мирзозода Ғайбулло Азизулло бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод карда шавад.

Доир ба дигар ҷузъиёти аз мансаб сабукдӯш шудани раиси суди ноҳияи Нуробод маълумот дода нашудааст.