Дар Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар таъини Рустами Эмомалӣ, писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе меъёрҳои қонунгузорӣ вайрон нашудааст.

«Таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт идомаи сиёсати ҷавонсозии кадрҳо дар сохтори давлатист, ки тайи чандин сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст», - иброз дошт ба журналистон роҳбари Агентии хизмати давлатии ҶТ Ҷумъа Давлатов.

Ӯ таъкид намуд, ки раисони шаҳру навоҳӣ давоми иҷрои уҳдадориҳои мансабиашон мустақиман ба нахуствазири кишвар тобеъанд ва «ғайр аз ин, ҳеҷ кас манъ карда наметавонад, ки фарзандони президент вазифаҳои баланд дар сохторҳои давлатиро ишғол намоянд».

Номбурда ҳамчунин хотиррасон кард, ки Рустами Эмомалӣ се маълумоти олӣ дорад, ки барои ишғоли вазифаи хизматчии давлатӣ барзиёд кофӣ аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба 3 ҳазору 867 ҷойҳои кории холии давлатӣ беш аз 5,5 ҳазор нафар довталабӣ карда, вале ба ҷойҳои корӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хоҳишмандон начандон зиёд буда, ба 734 вазифа ҳеҷ кас ариза надодааст, ки ба андешаи Давлатов, ин ҳолат дар натиҷаи хунукназарии хадамотиҳои кадрии худи ҳокимияти маҳалҳо ба вуҷуд омадааст.

«Ба андешаи он, ки одамон ба баъзе сохторҳои давлатӣ барои музди меҳнати паст ба кор намераванд, розӣ нестам, - қайд кард ӯ. - Соли 2000 музди меҳнати миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 23 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, соли гузашта бошад, ба беш аз 1 ҳазор сомонӣ расид».