Ваколатҳои собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қатъ шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо фармони президент санаи 12 январ аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд, бо хоҳиши худаш ваколатҳояшро дар Маҷлиси вакилони пойтахт қатъ кард.

Ҳамчунин собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Фирӯз Улмасов низ аз ваколатҳояш дар Маҷлиси вакилони пойтахт даст кашид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум вакилони Маҷлис аз ҳавзаҳои №25 ва № 62 Убайдуллоев Маҳмадсаид ва Улмасов Фирӯз Убайдуллоевич бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат карда, иштирокчиёни иҷлосия масъалаи мазкурро баррасӣ ва қарор карданд, ки ваколати вакилони халқ аз ҳавзаҳои №25 ва №62 дар асоси қонунҳои амалкунада пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки санаи 2-юми апрели соли 2017 ба  ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии  №25 ва №62 интихобот таъин карда шавад.

10:40 13 январ, 2017

Гуфта мешавад, иҷлосияи мазкур бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон ва дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти раёсати кӯҳансолтарин вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар иҷлосия оид ба ҷараёни омодагӣ ба таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз-2017»  иштирокчиёни иҷлосия ахбори муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзодаро шунида, тасмим гирифта шудааст, ки чорабиниҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ амалӣ мешаванд.