Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иҷрои ин фармон бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа амалӣ мешавад.

Президент ба ҳукумат дастур додааст, ки дар муҳлати ду моҳ Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашнро тасдиқ намояд.

Рӯзи Истиқлолият ҷашни давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил мегардад.

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Изҳорот қабул шуда, он ба қабули қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асос дониста шуд.