Пас аз анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат аз ноҳияи Мурғоб боздид намуда, ба кори нерӯгоҳи хурди барқи обии «Оқсу» ҳусни оғоз мебахшад.

Корҳои лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи «Оқсу» аз ҷониби  Бонки рушди Олмон (KfW) маблағгузорӣ шуд. Тибқи лоиҳаи аввал, иқтидори нерӯгоҳи оянда бояд 800 кВт/соатро ташкил медод ва ҷудо гардидани 4 млн. евро пешбинӣ шуда буд.

Аммо баъди омӯзиши такрории лоиҳа аз ҷониби мутахассисони олмонӣ тасмим гирифта шуд, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ то 1,5 ҳазор кВт/соат расонида шавад. Мутаносибан бонки Олмон 7 млн. евро маблағи иловагӣ ҷудо намуд.

Дар ВМКБ Сарвари давлат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа шинос шуда, дар чанде аз ноҳияҳои вилоят бо фаъолон вохӯрӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.