Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагони худ вомехӯранд. Вохӯриҳо мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик шинос мешаванд.
Гайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти парлумон маълумот дода, аз ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихоботии худ гузориш медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки вакилони мардумӣ маъмулан ду маротиба дар як сол бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд: моҳи сентябр баъди анҷоми рухсатии тобистона ва зимистон – барои шарҳу тавзеҳи паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба парлумон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста