Дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷи соли 2018 ва омодагӣ барои баргузории мавсими соли 2019 ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, муовини сарвазир ҳангоми таҳлил ва ҷамъбаст зикр намуд, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2018» дар қатори муваффақиятҳо камбудиҳои назаррас, ба монанди сари вақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, бо вуҷуди донистани забони арабӣ аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархўрдор набудани баъзе роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ мушоҳида гардид.
Азим Иброҳим изҳори умедворӣ намуд, ки масъулон дар мавсими ҳаҷи соли 2019 камбудиву норасоиҳоро ислоҳ намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб фароҳам меоранд. Инчунин таъкид намуд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имконияти молиявӣ, шароити зиндагии оилаи онҳо ба инобат гирифта шавад.
«Миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мепазиранд, — гуфт муовини сарвазири мамлакат. — Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки иддае аз шаҳрвандон солҳои охир рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд».
Муовини сарвазир зикр намуд, ки сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта хайру саховат ва эҳтирому қадршиносии якдигарро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят кардаанд.
Тавре дар ҷаласа таъкид гардид, тибқи маълумоти сарчашмаҳо пайғамбари дини мубини ислом ҳамагӣ як маротиба ҳаҷи фарзиро ба ҷо овардаанд. Аз ин нуқтаи назар маблағи ҳаҷҷи такрориро барои бунёди роҳу кўчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона ва ғайра сарф кардан ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона сохтан савоби бештар дорад.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон гузоранд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста