Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ-автогрейдер ва боркунаки фронталӣ тақдим кард.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, техникаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ харида шуда, дар як вақт се амалро иҷро мекунад.
Гуфта мешавад, тавре муовини сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Эгамбердӣ Хуҷаев зикр кард, бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.
Бин ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави мамлакат ворид карда мешаванд. 6 адад боркунаки фронталӣ аллакай ба ҳудуди вилоят ворид шудаанд.
Зикр мегардад, ки техникаи муосири роҳсозӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саф ороста, дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста