Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузории моҳи январ баимзорасидаро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар бораи таҷдиду тавсеъаи иқтидорҳои амалкунанда, ҳамчунин сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нав тасдиқ намуд.
Мувофиқи санади баимзорасида, корхонаҳои нав маснӯоти қаннодӣ, оҳар (нишоста, крахмал), шираи оҳар ва маҳсулот ордӣ истеҳсол хоҳанд кард.
Барои амалисозии созишнома корхона ният дорад, ки беш аз 23 млн. доллар маблағ ҷудо кунад, изҳор дошт директори генералии ҶДММ “Амирӣ” Акмал Ҳомидов.
Бар асоси созишномаи имзошуда, корхонаи амалкунандаи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ ва корхонаҳои наве, ки сохта мешаванд, ба муддати 10 сол аз пардохти андозу боҷҳои зерин озод карда мешаванд: андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизот, молу маҳсулот ва ашёи хом барои коркард.
Таҷдид ва тақвияти иқтидорҳои амалкунандаи корхонаи “Амирӣ” ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои нав дар назди он муддати 8 сол амалӣ мешаванд. Аз ҷумла ҷудо кардани 6,5 млн. доллар барои сохтмони корхонаҳо ва 16,5 млн. доллар барои бо таҷҳизоти техникӣ таъмин кардани онҳо пешбинӣ шудааст.
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нав, ширкат ҳамасола на камтар аз 27 ҳазор тонна маснӯоти қаннодӣ, 8 ҳазор тонна оҳар ва шираи оҳар, 12,6 ҳазор тонна маҳсулоти ордӣ истеҳсол мекунад.
Ҳамрализода қайд кард, ки айни замон ҳамасола ба маблағи 60 млн. доллар аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон маснӯоти қаннодӣ ворид шуда, оҳар (крахмал) бошад, умуман дар кишвар истеҳсол намешавад.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакили парлумон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки дар лоиҳаи мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон тиҷорати хусусӣ ба бунёди иншоооти саноатӣ ҳамроҳ мешавад.
Корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, қитъаи Қӯштеппа воқеъ аст. Маросими расмии ифтитоҳи он 5 сентябри соли 2011 доир гардид. Дар корхона навъҳои гуногуни шоколаду конфет ва беш аз 20 намуди карамел истеҳсол мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста