Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар водиии Рашт қарор дорад, дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшид.
Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ боздид намуда, бинои маркази савдои “Хингоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маркази савдои “Хингоб” аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маркази савдо бо 10 ҷойи корӣ, дар ошёнаи дуюм чойхона барои 60 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Сипас Сарвари давлат, дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои “Давлатҷон” ҳусни оғоз бахшид. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастурхони идона ороста шуд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро барафрохт. Парчами давлатӣ баландиаш 50 метр, паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста