Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи ба ихтиёри ширкати «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Чин додани кони нуқраи “Якҷилва”-ро дар ВМКБ, ки моҳи июни соли равон ба имзо расида буд, маъқул шуморид.

Имрӯз, 1-уми октябр дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Хитойро оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ тасдиқ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бораи чӣ миқдор сармоягузорӣ шудан ба кон ва дигар ҷузъиёти созишнома алҳол маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки ин санад моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳошияи кори форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба имзо расида буд.

Кони нуқраи “Якҷилва” дар баландии беш аз 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст.

Бино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, захираи нуқра дар кони “Якҷилва” аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳо тасдиқ шуда, 240 тоннаву 920 килоро ташкил медиҳад.

Чанд сол пеш он замон роҳбари Саридораи геология, феълан муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки таркиби нуқра дар як тонна маъдан дар “Якҷилва” метавонад аз “Кони Калони Мансур” - бузургтарин кони нуқра дар Осиёи Маразӣ бамаротиб зиёдтар бошад.

Ба гуфтаи геологҳои тоҷик, таркиби миёнаи нуқра дар 1 тонна маъдан 640 граммро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар “Кони Калони Мансур” ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 50 грамм таркиби нуқра баробар аст.

Аввалин маълумот дар бораи мавҷудияти чунин кон дар Мурғоб соли 1962 ба даст омада, солҳои 1984-1991 корҳои иктишофӣ ҷараён гирифтанд ва солҳои 2007-2013 аз ҷониби ширкати “С. А. MINERALS”-и Қазоқистон идома ёфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.