Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, бо аҳли зиё вохӯрд. Зимни суханронӣ президент назари худро доир ба рушди минбаъдаи забон, аз ҷумла такмили имлои он изҳор кард.

Мо як қатор иқтибосҳоро аз гуфтаҳои сарвари давлат бахшида ба забони тоҷикӣ интихоб кардем:

“Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд”.

“Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

“Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд”.
1/22

“Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест”.

“Бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест”.

“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд”.

“Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст”.

Бо матни суханронии президент дар вохӯрӣ бо аҳли зиё, ки рӯзи 4 октябр дар Душанбе доир гардид, муфассал дар ин ҷо шинос шуда метавонед.

Ҳамаи аксҳо аз хадамоти матбуоти президент