Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр бо паёми ҳамасолаи худ ба парлумони кишвар муроҷиат мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ироа мекунад, дар маҷмааи “Кохи Сомон” доир мегардад.
Маъмулан дар паём масъала ва мушкилоти муҳим дар кишвар, аз ҷумла, масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисоду ҷомеа ва илму фарҳанг зикр мешаванд.
Соли гузашта зимни ироаи паём сарвари давлат дар бораи дастовардҳои назарраси кишвар аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун, беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон, ҳамчунин дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили истифодаи оби нӯшокӣ суханронӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста