Конфронси якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияҳои Рашт,  Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод, ки 10-уми январ дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт доир гардид, муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро якдилона номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Дар ин бора ба Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.

Зимни суханронӣ дар конфронс Зокирзода қайд кард, ки ӯ ҳамчун намояндаи мардум ҳамеша барои рушду пешрафти сарзамини худ, пойдории сулҳу субот дар кишвар ва роҳандозии сиёсати пешгирифтаи президенти мамлакат хизмат хоҳад кард.

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарону коршиносони тоҷик, маҳз Маҳмадтоир Зокирзода метавонад раиси минбаъдаи палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, раиси амалкунанда Шукурҷон Зуҳуровро иваз кунад.

Маҳмадтоир Зокирзода 24-уми июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Донишкадаи кишоварзии Селиноградро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст. Фаъолияти меҳантиашро сли 1985 ба ҳайси муҳандис-заминсоз дар пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем” оғоз кардааст.

Тӯли солҳои гуногун дар Шӯрои вазирони Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ба ҳайси раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошт.

Дар вазифаҳои директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ (соли 2008), раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ (соли 2010) ва вазири кишоварзии ҶТ (солҳои 2015-2016) низ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 муовин сарвазири Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.